Хадамоти муҳоҷират: Баргузории чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ
Душанбе, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукўҳ табрик гуфта, зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиши кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ вогузор намуда, дар симои хизматчиёни ҳарбии кишвар фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинад, ки ба савганди ҳарбӣ ва Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд.
Иштирокдорони чорабинӣ дар марҳалаи торафт вусъат пайдо кардани бархурди қудратҳои ҷаҳонӣ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дониста, дар ин рӯзи барояшон хотирмон дар ҷодаи ҳимояи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоламон сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу намуданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






