Хатлон: Ниҳолпарварон қадрдонӣ гардиданд

Февраль 10, 2016 07:58

Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Чанд рӯз пеш дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Қурғонтеппа ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, гулу гулбутта, тухмии гулҳо ва зироати кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он хоҷагиҳои ниҳолпарварии ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида, фурӯшандагони тухмии гулҳо ва зироати кишоварзӣ бо шиору навиштаҷот аз шаҳру ноҳияҳои маркази вилоят иштирок доштанд. Дар ярмарка-фурӯш зиёда аз 72 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, ороишию сояафкан пешкаш гардида, инчунин масъулини соҳа оид ба тарзу усули истифода бурдани заҳрхимикатҳо ҳангоми парвариши гулу гулбутта ва зироати кишоварзӣ ба харидорон маслиҳатҳои муфид доданд. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз ин чорабинии бошукӯҳ дидан намуда, бо деҳқонону ниҳолпарварон ҳамсуҳбат шуда, ба онҳо барои боз ҳам беҳтар парвариш намудани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо маслиҳатҳои муфид дод. Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи раиси кумитаи тадорукот-муовини якуми раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон барои иштироки фаъолона ҷои якум ба намояндагони шаҳри Қурғонтеппа, ҷои дуюм ба ноҳияи Бохтар, ҷои сеюм ба ноҳияи Ёвон сазовор дониста шуда, бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят низ барои иштироки фаъолона ба як зумра шахсони алоҳида ва муассисаҳои таълимӣ, ки самаранок ба парвариши ниҳол ва гулу гулбутта машғуланд, ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.

Февраль 10, 2016 07:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд