Хизмат ба Ватан қарзи ҳама мардон аст…
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №8-и пойтахт бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ вохӯрии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа бо хонандагон баргузор гардид. Мақсад аз баргузории вохӯрӣ тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлолият, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, зиёд намудани шумораи ихтиёриён ва омодабошии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба хизмати ҳарбӣ мебошад.
Дар вохӯрӣ собиқадорон ва афсарону сарбозон аз таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ, хизмат дар қувваҳои мусаллаҳ, корнамоиҳои ҷавонмардони Тоҷикистон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, Афғонистон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон сухан карданд.
Хонандагони синфҳои 10 ва 11 бо шеърҳои ватандӯстона, рақсу сурудҳои идона пеши ҳозирин ҳунарнамоӣ карданд. Инчунин ба меҳмонон саҳначаҳо аз овони ҷанг ва мусобиқаҳои варзишӣ пешниҳод гардид.
Кормандони Вазорати мудофиа бо мақсади муайян намудани омодабошии хатмкунандагон ва тайёриашон дар дарсҳои ибтидоии ҳарбӣ миёни онхо доир ба нишон додани маҳорат дар ҷобаҷогузории қисмҳои яроқи оташфишон (АКМ) ва истифодаи ниқоби зидди газ мусобиқа гузарониданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






