Худ ва наздиконатонро аз бемории ботулизм эмин нигоҳ доред!
Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Аз хабари заҳролудшавии се нафар аъзои як оила дар шаҳри Кӯлоб як моҳ зиёд гузашта бошад ҳам, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо нашри маълумот дар бораи ин беморӣ мардумро аз хатари он огоҳ карда истодааст.
Ботулизм ин бемории ниҳоят вазнин ва хатарнок барои ҳаёт буда, бо марг меанҷомад ва бо таъсир ба системаи асаб, вайрон намудани биноӣ, фурӯбарӣ, нутқ ва ҳолати вазниншавии нафаскашӣ суръат мегирад.
Дар аксар мавридҳо маҳсулоти сироятёфта-хӯришҳои сабзавотӣ (бештар аз помидор, бодиринг ва боимҷон) ва замбурӯғҳои дар шароити хона консервашуда мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо одамон аз истеъмоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб ва гӯшти бирёни дар равған хобондашуда (қайла) заҳролуд шудаанд.
Тавассути маҳсулоти хӯрокворӣ одамон ба 2 намуди ботулизм сироят меёбанд: ботулизми ғизоӣ ва ботулизми кӯдакона.
Ботулизми ғизоӣ-ин заҳролудшавиест, ки онро истеъмоли маҳсулоти қаблан сироятёфта бо токсини ботулинӣ ба вуҷуд овардааст. Ботулини ғизоӣ хусусан бо он хатарнок аст, ки дар як вақт вай метавонад бо шумораи зиёди одамон ҳангоми исеъмоли маҳсулоти сироятёфта зарар расонад.
Ботулизми кӯдакона ниҳоят кам дида мешавад ва асосан сироятёбӣ ҳангоми истеъмоли асал ба вуқуъ меояд. Аз ҳамин сабаб табибон додани асалро ба кӯдакони то яксола тавсия намедиҳанд.
Бештар аз ҳама ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хӯришҳои консервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст- помидор, бодиринг, боимҷон, лаблабу, нахӯди сабз ва замбурӯғҳо, ки нокифоя пухта ва тамиз гардонида шудаанд, мушоҳида мегардад.
Барои пешгирии ботулизм бояд маҳсулоти хӯроквориро аз сироятёбии барангезандаи бемории ботулизм ҳимоя кард.
Дар маҳсулоти консервашавандаи дараҷаи туршнокияшон паст бояд ҷавҳари лиму ё сирко илова шавад.
Ба кӯдакон маҳсулоти консервагии дар шароити хона тайёршуда ва аз 12 моҳа хурд асал ва маҳсулоти асалӣ бояд дода нашавад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимии аҳолӣ дар соли 2015 — 8 ҳодисаи заҳролудшавӣ ба қайд гирифта шуд ва дар ҳар як ҳодиса аз 1 то 5 нафар бо зардобаи зидди ботулиникӣ таъмин гаштанд, ки боиси аз марг наҷот ёфтани заҳролудшудагон гардид. Дар ноҳияи Рӯдакӣ як ҳодиса бо чор нафар заҳролудшуда ва дар шаҳри Турсунзода як ҳодиса бо ду нафар заҳролудшуда ба қайд гирифта шуда буд. Хушбахтона, аз сабаби сари вақт ба табибон муроҷиат кардан ҳамаи онҳо табобат гирифтанд ва ин ҳодисаҳо оқибати нохуш надоштанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад, ки дар ҳолати бад шудани ҳолати саломатӣ ва пайдошавии аввалин аломатҳои беморӣ таъҷилан ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намоед.








НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






