Худ ва наздиконатонро аз бемории ботулизм эмин нигоҳ доред!

Февраль 9, 2016 07:30

Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Аз хабари  заҳролудшавии се нафар аъзои як оила дар шаҳри  Кӯлоб як моҳ зиёд гузашта бошад ҳам, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо нашри маълумот дар бораи ин беморӣ мардумро аз хатари он огоҳ карда истодааст.

Ботулизм ин бемории ниҳоят вазнин ва хатарнок барои ҳаёт буда, бо марг меанҷомад ва бо таъсир ба системаи асаб, вайрон намудани биноӣ, фурӯбарӣ, нутқ ва ҳолати вазниншавии нафаскашӣ суръат мегирад.

Дар аксар мавридҳо маҳсулоти сироятёфта-хӯришҳои сабзавотӣ (бештар аз помидор, бодиринг ва боимҷон) ва замбурӯғҳои дар шароити хона консервашуда мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо  одамон аз истеъмоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб ва гӯшти бирёни дар равған хобондашуда (қайла) заҳролуд шудаанд.

Тавассути маҳсулоти хӯрокворӣ одамон ба  2 намуди ботулизм сироят меёбанд: ботулизми ғизоӣ ва ботулизми кӯдакона.

Ботулизми ғизоӣ-ин заҳролудшавиест, ки онро истеъмоли маҳсулоти қаблан сироятёфта бо токсини ботулинӣ ба вуҷуд овардааст. Ботулини ғизоӣ хусусан бо он хатарнок аст, ки дар як вақт вай метавонад бо шумораи зиёди одамон  ҳангоми исеъмоли маҳсулоти сироятёфта зарар расонад.

Ботулизми кӯдакона ниҳоят кам дида мешавад ва асосан сироятёбӣ ҳангоми истеъмоли асал ба вуқуъ меояд. Аз ҳамин сабаб  табибон додани асалро ба кӯдакони то яксола тавсия намедиҳанд.

Бештар аз ҳама ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хӯришҳои консервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст- помидор, бодиринг, боимҷон, лаблабу, нахӯди сабз ва замбурӯғҳо, ки нокифоя пухта ва тамиз гардонида шудаанд, мушоҳида мегардад.

Барои пешгирии ботулизм бояд маҳсулоти хӯроквориро аз сироятёбии барангезандаи бемории ботулизм ҳимоя кард.

Дар маҳсулоти консервашавандаи дараҷаи туршнокияшон паст бояд ҷавҳари лиму ё сирко илова шавад.

Ба кӯдакон маҳсулоти консервагии дар шароити хона тайёршуда ва аз 12 моҳа хурд асал ва маҳсулоти асалӣ бояд дода нашавад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимии аҳолӣ дар соли 2015 — 8 ҳодисаи заҳролудшавӣ ба қайд гирифта шуд ва дар ҳар як ҳодиса аз 1 то 5 нафар бо зардобаи зидди ботулиникӣ  таъмин гаштанд, ки боиси аз марг наҷот ёфтани заҳролудшудагон гардид.  Дар ноҳияи Рӯдакӣ як ҳодиса бо чор нафар заҳролудшуда ва дар шаҳри Турсунзода як ҳодиса бо ду нафар заҳролудшуда ба қайд гирифта шуда буд. Хушбахтона, аз сабаби сари вақт ба табибон муроҷиат кардан ҳамаи онҳо табобат гирифтанд ва ин ҳодисаҳо оқибати нохуш надоштанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад, ки дар ҳолати бад шудани ҳолати саломатӣ ва пайдошавии аввалин аломатҳои беморӣ таъҷилан ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намоед.

 

 

Февраль 9, 2016 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст