Иқдоми ҲХДТ дар Суғд: “Тарғибот тавассути созандагиву бунёдкорӣ”
Душанбе, 23.02.2016. (АМИТ «Ховар).-Дар вилояти Суғд барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳру деҳот ва маҳалли зист доир гашта истодаанд. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд низ дар самти саҳмгузор будан дар ин амал иқдоми созандаро таҳти унвони «Тарғибот тавассути созандагиву бунёдкорӣ» пеша кард.
Тавре ки доир ба иқдоми мазкур ба хабарнигори АМИТ “Ховар” раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов баён дошт, ба ҳамаи кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоти ибтидоии ҳизб дастур дода шуд, то барои дар сатҳи хуби ташкилӣ иҷро намудани иқдоми пешакарда, нақшаи корӣ ва чорабиниҳои иҷрошавандаро омода ва тасдиқ намоянд.
Ба гуфти С.Юнусов аъзои ҳизб дар қатори дигар кормандони коргоҳҳову ташкилот баҳри дар маъракаи созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор будан, минбаъд ҳар ҳафта дар мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, кӯчаю хиёбонҳои шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳои худ маъракаи шанбегӣ ташкил намуда, чун як фарди кишвар барои тозагиву ободӣ ва боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани маҳалли зист ҳиссагузор хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






