Ифтитоҳи намояндагии ВҲИ дар Русия

Февраль 8, 2016 12:04

Душанбе, 08.02.2016.(АМИТ “Ховар”).- Бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони кишвар дар давлатҳои хориҷӣ, хусусан дар Федератсия Русия дар вилояти Свердлови ин кишвар намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст, ки он ба таври пилотӣ фаъолият дорад.
Зариф Ализода -Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ бо дахли ҳамкории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорияшро бо дигар шарикони хориҷӣ таҳким мебахшад.
Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдорони ҳуқуқи инсони Русия Қазоқистон, омбудсменҳои Полша, Финляндия, Норвегия, Қирғизистон, инчунин созмону ташкилоти байналмилалӣ ва миллӣ, назири Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, ЮНИСЕФ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Агентии швейтсарии ҳамкорӣ ва рушд, ҲЕЛВЕТАС, ниҳоди даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда густариш медиҳад.

Февраль 8, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд