Ифтитоҳи утоқҳои кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия
Рашт, 23.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт утоқҳои кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи он мушовир оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Ҷеймс Берг, роҳбари дафтари саҳроии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Юлия Рангелова Мюллер, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алиҷон, афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсияи дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Ҳайдар Муҳаммадиев ва роҳбарони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт иштирок доштанд.
Утоқҳои мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи » Ислоҳоти рушди милитсия барои солҳои 2014 — 2020 » аз ҳисоби созмонҳои мазкур ба истифода дода шуданд.
Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия, аз ҷумла дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар ҳайати 11 нафар аз ҳисоби кормандону намояндагони соҳаҳои гуногун, созмонҳои ҷамъиятиву ғайридавлатии дар ноҳияи Рашт фаъолияткунанда таъсис шудааст.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






