Ҳимояи ҳар зарра хоку оби Тоҷикистон вазифаи ҷавонмардон аст
Аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ 23 сол сипарӣ гардид
Душанбе, 20.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфтанд, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳурии мо аз ягон техникаи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун меросбар бархурдор нагардида, дар шароити хеле душвору ҳассос Артиши миллии хешро таъсис дод. Сарфи назар аз мушкилиҳои зиёд ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвор фаъолият намуда, роҳи пурпечутоберо тай намуд ва имрӯз ба яке аз артишҳои касбӣ мубаддал гардид.
Ҳоло, ки Тоҷикистон дар арафаи 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорад, хабарнигори АМИТ «Ховар» аз қисми ҳарбии 12019 Баталёни сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо хизматчиёни ин қисми ҳарбӣ ҳамсуҳбат гардид.
Капитан Ҷамшед Талбаков, муовини командири қисми ҳарбии 12019-и Раёсати қӯшунҳои зудамал мегӯяд, ки бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо шароити хуби хизматӣ барои сарбозон фароҳам оварда шуда, онҳо дар ин самт ягон камбудӣ надоранд. Ба гуфтаи номбурда ҳар ҳафта шанбеву якшанбе барои сарбозон рӯзҳои мулоқот бо волидайн таъйин шудааст, ки сарбозон метавонанд бо падару модари худ вохӯрӣ гузаронда, аз аҳволи ҳамдигар бохабар гарданд.
Ҳамчунин Ҷамшед Талбаков иброз медорад, ки тартибот дар баталён ҷорӣ шуда, бештар шавқу завқи ҷавонон ба варзиш равона шудааст ва сарбозон чандин маротиба дар дохил ва хориҷи кишвар қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
Фаррух бо хоҳиши худ ба хизмат омадааст
Сержант Фаррух Ҷураев, зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегӯяд, ки 1 солу 10 моҳ аст, ки дар қисми ҳарбии 12019-и Баталёни сулҳҷӯёна хизмат намуда истодааст. Ӯ хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандии худ дониста, иброз медорад, ки бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Айнӣ муроҷиат карда, ба хизмати ҳарбӣ омадааст. Фаррух ба ҷавонон муроҷиат намуда мегӯяд, ки бояд ҳар як ҷавонмард хизмати Ватан -модарро иҷро кунад, зеро ҳимояи хоку оби Тоҷикистон вазифаи ҳар як ҷавонписар аст. Ҳамчунин ба гуфтаи номбурда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мусаллаҳро ба сатҳи баланд бардоштааст ва ба масъалаи хӯрокӣ ва таъмини шароити хизматчиён диққати махсус зоҳир менамояд.
Артиш — мактаби мардонагист
Хизматчии дигари ин қисми ҳарбии Баталёни сулҳҷӯёна сержант Шодибойи Ҷурабой мегӯяд, ки баъд аз хатми Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба хизмати ҳарбӣ омад ва муддати 1 солу 10 моҳ аст, ки дар ин ҷо хизмати Модар -Ватанро ба ҷо меорад. Ба гуфтаи Шодибойи Ҷурабой ӯ мактаби мардонагиро дар ин қисми ҳарбӣ омӯхт ва бовар дорад, ки бо сари баланд пас аз адои хизмат ба назди падару модар бармегардад. Номбурда аз сатҳу сифати қисми ҳарбӣ изҳори ризоият намуда, иброз медорад, ки ӯ дар ин ҷо дар баробари бисёр чизҳоро омӯхтан рафиқони зиёде низ пайдо кард.
Муовини командири қисми ҳарбии 12019-и Раёсати қӯшунҳои зудамал Ҷамшед Талбаков мегӯяд, ки аз рӯи нақша онҳо бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чорабинӣ омода карда истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






