Ҷиргатол: Таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба маблағи 4000 сомонӣ

Февраль 27, 2016 10:12

Ҷиргатол, 27.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тоҷикобод дар асоси Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба назорати сифати мол ва нигоҳ доштани амнияти озуқаворӣ дар байни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Марказ то имрӯз якчанд намуди маҳсулоти хӯроквории муҳлати истифодаашон гузаштаро аз муомилот бароварда, ба соҳибкорон барои ҳуқуқвайронкунӣ ба маблағи 4000 сомонӣ ҷазои маъмурӣ таъйин намуд.
Инчунин дар натиҷаи назорати сифати молҳои ниёзи мардум ба як гурӯҳ соҳибкорон огоҳинома дода шудааст.

Февраль 27, 2016 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд