Иштироки санъаткорони тоҷик дар Фестивали байналмилалии фарҳангӣ дар Қатар
Душанбе, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Аз 10 то 15 феврали соли равон дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар Фестивали байналмилалии фарҳангӣ таҳти васоияти ЮНЕСКО бо ҷалби беҳтарин гурӯҳҳои рақсии кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор гардид. Дар ҳамоиши фарҳангӣ ҷониби Тоҷикистонро ҳунармандони Ансамбли рақсии «Базморо» ва дойрадасти шинохта Хайрулло Дадабоев таҳти роҳбарии сардори раёсати санъат Олимҷон Акрамов муаррифӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки барномаи ҳунарии санъаткорони Тоҷикистонро, ки дар сатҳи баланди касбӣ омода гардида буд, ширкатдорони ин ҳамоиш бо хушнудии зиёд истиқбол намуданд. Силсилачорабиниҳои ҳамоиш дар яке аз майдонҳои зебои шаҳри Доҳа баргузор гардиданд ва тибқи барномаи фестивал ҷониби Тоҷикистон рӯзҳои 11-12 феврали соли равон баромад намуданд. Ҷараёни чорабинӣ, аз ҷумла барномаи ҳунарии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори умуми ин кишвар ба таври васеъ инъикос гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






