Кадом ширкатҳои мобилӣ дар бозор мавқеи ҳукмфармоӣ доранд?
Душанбе, 19.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Ширкатҳои мобилии «Вавилон Мобайл», «ТК Мобайл», «Индиго Тоҷикистон», «Вавилон- Т», «ТТ- Мобайл» ва «Таком» аз операторони алоқаи барқие маҳсуб мешаванд, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд. Тибқи иттилои Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ин ширкатҳо тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доранд, дохил карда шудаанд.
Инчунин омӯзиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидори бозори алоқаи мобилӣ аз рӯи хизматрасонии алоқаи мобилии GSM 900/1800, далели он аст, ки бозори молӣ рақобатпазир буда, ҳиссаи ширкатҳои мобилии «Индиго Тоҷикистон» аз рӯи муштариёни фаъол 31,1 %, «ТТ-Мобайл» 26,3, «Вавилон М» 24,7 %, «Таком» беш аз 17 % ва «ТК Мобайл» 2 %-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар самти хизматрасонии интернетии мобилии GSM 900/1800 саҳми операторони алоқаи мобилии «Индиго Тоҷикистон» аз рӯи муштариёни фаъол ҳудуди 40%, «Вавилон Мобайл» беш аз 31 %, «ТТ Мобайл» зиёда аз 15%, «Таком» беш аз 13% ва «ТК Мобайл» 2% -ро ташкил медиҳад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






