Конфронси якуми ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар АИ ҶТ
Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ “Ховар”). -Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси якуми ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”-и ҲХДТ дар АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдулазиз Одинаев ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Билол Гадоиев баргузор гардид.
Фарҳод Раҳимӣ дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда гуфт:
«Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, илму фарҳанг, сиёсати дохилию хориҷии кишварро дар соли сипаришуда мавриди баррасӣ қарор дода, бо бозгӯи камбудиву норасоӣ ва дастоварду комёбиҳо вазифаю нақшаҳои минбаъдаро дар соли 2016 мавриди назари аҳли ҷомеа қарор дод».
Зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон махсусан дар мавриди тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, пешгирии онҳо аз пайвастан ба гурӯҳҳои даҳшатафкану тундгаро ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи дастовардҳои замони Истиқлолият, баланд бардоштани илму фарҳанги сиёсии ҷавонон, дастгирии соҳибкорони ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва дигар масоили марбут ба амният ва рушду тараққиёти кишвар андешаҳои судманд иброз намуд.
Мақсади конфронс таъсис додан ва номгузорӣ кардани Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби ҳайати аъзои кумита буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






