Коррупсионерҳо бо супоридани ҷаримаи сангин имкон доранд аз адои ҷазо озод гарданд
Душанбе, 10.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид кард. Тибқи он шахсоне, ки бо ҷурми пора гирифтан ҷиноят содир намуда, дар муассисаҳои ислоҳии кишвар нигоҳ дошта мешаванд, бо супоридани ҷаримаи калон- 200 сомонӣ барои як рӯз имкон доранд аз адои ҷазо озод гарданд.
Илёс Идрисзода -муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, ки 10 феврал дар назди вакилони Парлумони мамлакат ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавзеҳ дод, гуфт, ки қонунгузории ҷиноятии кишвар барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 (гирифтани пора), 320 (додани пора) ва 321 (иғвои порадиҳӣ) ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба сифати ҷазои асосӣ ва ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайянро ба сифати ҷазои иловагӣ муқаррар кардааст.
Идрисзода афзуд, ки таҳлили таҷрибаи тафтишотӣ ва судии ҷиноятии кишвар нишон медиҳад, ки барои ҷамъият хавфнок будани шахсони содиркунандаи ҷиноятҳои дар моддаҳои 319, 320 ва 321 -и Кодекси ҷиноятии кишвар пешбинишуда, баъди аз мансаби ишғолкарда озод ва ё аз ҳуқуқи ишғоли ин мансабҳо маҳрум кардани онҳо аз байн меравад. Дар ин замина таъйин намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нигоҳ доштани чунин шахсон дар муассисаҳои ислоҳӣ барои чунин ҷиноятҳо ба мақсад мувофиқ набуда, харҷи зиёди молиявиро аз буҷети кишвар тақозо менамояд. Татбиқи ҷазои ҷарима ба ин категорияи ҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки таъйини чунин ҷазо барои ислоҳи шахсони ҷиноятсодирнамуда ва пешгирии ҷиноятҳо мусоидат менамояд.
Тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ҷилавгирӣ аз содир намудании ҷиноятҳои нав ва ислоҳи маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.
Аз ин рӯ, дар санксияи моддаҳои 319, 320 ва 321- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба сифати ҷазои алтернативӣ ворид карда мешавад.
Онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят алҳол маҳкум гардидаанд, имкони супоридани ҷаримаро барои як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ дар ҳаҷми 200 сомонӣ- муодил ба панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо доранд ва дар ҳолати супоридани ҷарима аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Инчунин дар моддаи 142 эзоҳ 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба шахсоне (фолбинҳо, ҷодугарҳо), ки бо роҳи фиреб аз ҳиссиёту бовари динии мардум истифода карда, ба кирдорҳои зиддиахлоқии хусусияти шаҳвонидошта даст зада, ҷиноят содир менамоянд ва Кодекси ҷиноӣ барои ин амал аз 3 то 7 сол ҷазо муайян кардааст, бо супоридани ҷарима -200 сомонӣ барои як рӯз имкон доранд аз адои ҷазо озод гарданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






