М. Муминова: Дар ду моҳи соли равон ба 9 шаҳрванди ҶТ иҷозати дубора ворид шудан ба ФР дода шуд

Февраль 13, 2016 07:22

Душанбе, 13.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои сармутахассиси Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа Муслима Муминова муроҷиати шаҳрвандони мамлакат ба Хадамоти муҳоҷират ҳамарўза меафзояд.
Ҳоло шаҳрвандони кишварамон ба Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа ба таври шифоҳӣ, хаттӣ ва бо телефони боварӣ муроҷиат мекунанд.
Дар моҳи январи соли 2016 муроҷиати шаҳрвандони кишварамон ба Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои зертобеи он 11 ҳазору 232 нафар сокинони ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, шифоҳӣ – 9 ҳазору 979 нафар, хаттӣ – 174 нафар ва бо телефони боварӣ — 1079 нафарро дар бар мегирад.
Дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд – 984 нафар, вилояти Хатлон – 1245 нафар, ВМКБ – 148 нафар, шаҳри Душанбе – 757 нафар ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ дар самти муҳоҷират дар ФР – 1317 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд.
“Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Русия оид ба ихроҷкунӣ (депортатсия) ва маҷбуран берункунӣ 5 ҳазору 397 нафар шаҳрванди кишвар дар рўйхати мамнуъшудагон дар махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буда, аз зарарҳои молиявии муҳоҷирон пешгирӣ шудааст”,-илова намуд М. Муминова.
Бо назардошти он, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия муайян шудаанд ва қисми зиёди онҳо аз низоми иттилоотии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бехабаранд, кормандони Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа махзани маълумоти мамнўъшудагон ба ҳолати 30 декабри соли 2015 вуҷуд дорад, ки он 333 ҳазору 175 шаҳрванди кишварамонро дар бар мегирад. “Ҳамзамон кормандони Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ҳар рўз рӯйхати беруншудагонеро, ки ному насабашонро дар маҳзанаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мавҷуд мебошад, ба тариқи шабакаи интернет-онлайн ба роҳ мондааст”,-афзуд М.Муминова.
Муслима Муминова зикр кард, ки роҳбарият ва кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират моҳи январ ва феврали соли равон дар асоси аризаи 453 нафар ба роҳбарияти Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия барои мусоидат ва ҳалли дубораи иҷозаи ворид шудан ба кишвари Федератсияи Русия мактуб ирсол намуданд. Хушбахтона, дар ду моҳи соли равон аз ҷониби Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия 9 шаҳрванди мамлакат имконияти дубора ворид шудан ба Федератсияи Русияро пайдо намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа ба ҳар як муроҷиаткунанда, ки азми сафар ба Федератсияи Русияро доранд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба ҳар кадоми онҳо ройгон 12 намуди буклетҳои гуногун оид ба қонунгузории Федератсияи Русияро дода мешавад.

Февраль 13, 2016 07:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад