Мақоми олии назорати молиявии Тоҷикистону Чин ҳамкориро ба роҳ мемонанд
Душанбе, 09.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар оянда бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкориро ба имзо расонад. Алҳол лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар марҳилаи коркард ва таҳия мебошад.
Дилмурод Давлатзода-раиси Палатаи ҳисоби кишвар 9 феврал дар нишасти хабарӣ бо дахли ҳамкории байналмилалии ин мақоми олии назорати молиявии кишвар гуфт, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олии назорати молиявии Русия, Қазоқистон, Молдова ва Эрон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва онро густариш медиҳад.
Ҳамзамон раиси мақоми олии назорати молиявии кишвар афзуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири «INTOSAI», «ECOSAI» ва «ASOSAI» мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






