Масаид Шерматов аз оби беҳаракат барқ ҳосил кард
Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Маркази миллии патенту иттилоот дар бораи натиҷаи мусбати санҷиши расмии ихтирои устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Масаид Шерматов таҳти унвони «Генератори худбарангезандаи ҷараёни доимӣ» хабар дод.
Масаид Шерматов зимни шарҳи ихтирои хеш иттилоъ дод, ки агар барои сохтани неругоҳҳои обии барқӣ обанбор бунёд намоянд ва тавассути ба ҳаракат даровардани чархаҳо ва ҳосили барқ аз тариқи генератор амалӣ шавад, дар ихтирои мазкур дар оби беҳаракат энергия истеҳсол мешавад. Яъне, ба тариқи дохилнамоии ноқил ба дохили об энергия ба вуҷуд меояд.
Масаид Шерматов мӯътақид аст, ки ҳатто аз як қатра об ҳам энергияи барқӣ гирифтан мумкин аст, вале самаранокии онро ба бештар намудани ноқилҳои воридотӣ ба об медонад. Дигар хусусияти муҳими ин намуди барқҳосилкунӣ аз НОБ-ҳо дар он аст, ки дар дуюмӣ ҷараёни истеҳсоли барқ тағйирёбанда буда, дар ихтирои Масаид Шерматов он доимӣ аст.
Мавсуф мегӯяд, ки ба ихтирои ӯ олимони рус таваҷҷуҳ намуда, хостгори шарҳи бештари онанд, вале Масаид Шерматов бидуни бастани шартномаи дуҷониба аз ин ихтироъ ҳарфе гуфтанӣ нест.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Масаид Шерматов муаллифи зиёда аз 34 ихтироъ буда, қисми зиёди он дар бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат амалан тадбиқ шудаанд. Ва чанде қабл Масаид Шерматов ба узвияти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, унвони академики муҳандисиро соҳиб гардид.
Дар ин бора аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






