Машварат дар назди Пешвои миллат

Февраль 10, 2016 10:06

Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомоти дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи нигаронкунандаи минтақа ва ҷаҳон масоили вобаста ба пурзӯр намудани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ, самарабахш ба роҳ мондани машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ зоҳир гардид.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, “ҳифзи боэътимод аз марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз сохторҳои дахлдори кишвар беш аз ҳарвақта омодагии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва маҳорату малакаи баланди касбиро талаб мекунад”.

Дар робита ба таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз тавсеаи ифротгароӣ таъкид гардид, ки бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла бо омӯзгорон ва мактаббачагону донишҷӯён, аҳли илму фарҳанг, ходимону олимони дин, сиёсатмадорону ҷомеашиносон ва дигар фаъолони ҷомеа доир ба пешгирӣ аз гумроҳсозии наврасону ҷавонони ноогоҳ бояд ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад.

Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодию коррупсионӣ, истифодаи сарфакорона ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои моддию техникӣ ҳам дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Февраль 10, 2016 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд