Минтақаи фарогири барнома 14 ноҳияи вилояти Хатлон мебошад
Душанбе, 5.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мақсади Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ”- ин беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна дар минтақаи фарогири лоиҳа, вилояти Хатлон, бо роҳи бунёд кардан ва истифодаи якхелаи сифати мувофиқ ва то андозае фарогири инфрасохтори васеи мактабӣ, инчунин ташкил намудан ва омўзиши ассотсиатсияҳои волидону омўзгорон (АВО) дар мактабҳои лоиҳавӣ мебошад.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) Сиддиқзода Шералӣ Муродалӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи Ш.Сиддиқзода, минтақаи фарогири барнома дар марҳилаи 3-юм 14 ноҳияи вилояти Хатлонро дар бар мегирад.
«Дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳа тавассути маблағгузорӣ иваз кардани 14 бинои фарсудаи мактабии корношоям, ки ҳоло барои таҳсил истифода мегарданд, ба биноҳои нави мактабии аз ҷиҳати хароҷоти энергетикӣ ва истифода ба мақсад мувофиқ ва каммасраф пешбинӣ шудааст»,-илова намуд Ш.Сиддиқзода.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






