ММҚ ҳамкориро бо Хелветес ва GIZ тақвият медиҳад
Душанбе, 05.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар бо мақсади баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигӣ дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо дар шаш моҳи соли гузашта ба зиёда аз 70 лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ дод, ки дар маҷмӯъ беш аз 650 таклифу пешниҳодҳоро дар бар мегирад”. Ин матлабро Раҳимзода Маҳмад Забир -директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт. Номбурда зикр кард, ки кормандони марказ дар ҳайати беш аз 20 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ фаъолона ширкат намуданд.
Дар зарфи 6 моҳи соли 2015 аз ҷониби кормандони марказ 4 китоб, 160 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мунташир гардид.
Ҳамзамон Маҳмад Раҳимзода зикр кард, ки барои амалӣ намудани ташвиқоту тарғиботи қонунгузорӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кормандони марказ бо аҳолӣ вохӯриҳо гузарониданд. Инчунин дар ин давра марказ бо Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ҳамкориро ба роҳ монда, бо созмонҳои байналмилалӣ -назири Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Хелветес ва дигар ташкилот равобити густурда дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






