Модари Башор Асад аз олам даргузашт
Душанбе, 08.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Аниса Махлуф, модари Раиси Ҷумҳурии Сурия Башор Асад ва ҳамсари Раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар Ҳофиз Асад дар 86- солагӣ аз дунё даргузашт.
Тибқи иттилои Агентии хабарии Сурия Аниса Махлуф рӯзи шанбе, 6-уми феврал аз дунё чашм пӯшид.
Зикр кардан бамаврид аст, ки модари Башор Асад соли 1930 дар шаҳри Лозиқияи Сурия ба дунё омада, соли 1957 бо Ҳофиз Асад, падари Башор Асад издивоҷ кардааст.
Аниса Махлуф 5 фарзанд дошт- Бушро, Босил, Башор, Муҷид ва Моҳир.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






