Муҳоҷирони депортшудаи Хатлон бо кор таъминанд
Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва бахшҳои он дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 271 шаҳрванди вилоят аз тариқи шифоҳӣ ва 16 шаҳрванд ба воситаи телефон муроҷиат намуданд. Муроҷиаткунандагон мехостанд маълумот гиранд, ки дар рӯйхати ихроҷшудаҳо (депортатсияшудагон) ҳастанд ё не. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон, воридшавии 148 нафар ба Федератсияи Русия манъ мебошад, ки 17 нафараш зан мебошанд.
Ба тамоми муроҷиаткунандагон кормандони Хадамоти муҳоҷират ва бахшҳои он ба таври муфассал дар бораи тағйироту иловаҳои қонунгузории Федерасияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, қонуну қоидаҳои будубош дар давлатҳои хориҷӣ, ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои давлату мардуми қабулкунанда маълумот доданд. Дар вохӯриҳо ба аҳолӣ тавсия дода шуд, ки ба қабулкунандагони муроҷиати шаҳрвандон дар Хадамоти муҳоҷирати вилоят ва ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд, то ки онҳо ба тамоми саволҳои худ ҷавобҳои пурра пайдо карда тавонанд.
Ҳамзамон ба онҳо варақаҳои махсуси маълумотие, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ва қоидаҳои он, зимни муҳоҷират эминмонӣ аз бемориҳои сирояткунанда шарҳ дода шуда буд, тақсим шуданд. Инчунин ба маълумоти онҳо расонида шуд, ки Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон ба нафароне, ки вурудашон ба Федератсияи Русия манъ гардидааст, кумак мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки аллакай Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон чандин муҳоҷири меҳнатиро, ки вурудаш ба Федератсияи Русия манъ буд, дар вилоят бо ҷои кор таъмин намуд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






