Муаррифии китоби “Тоҷикистон”- роҳнамои сайёҳ дар Намоишгоҳи туристии Берлин-2016
Душанбе, 25.02.2016. (АМИТ “Ховар”). -23 феврали соли равон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон мулоқоти сафир Маликшо Неъматов бо ҳаммуаллифи китоби «Тоҷикистон» — роҳнамои сайёҳ бо забони олмонӣ хонум Дагмар Шрайбер баргузор гардид. Дар мулоқот сафир ба Д. Шрайбер барои таҳия ва чопи китоби мазкур, ки метавонад дар тарғиби захираҳои туристии Тоҷикистон дар Аврупо саҳми муносиб гузорад, изҳори миннатдорӣ намуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки китоби мазкурро дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии туристии Берлин — 2016, ки аз 8 то 13 моҳи марти соли равон дар шаҳри Берлин баргузор мегардад, ба доираи коршиносон ва иштирокдорони ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки нашриёти Трешер Ферлаги Олмон (Trescher Verlag) китоби роҳнамои мусофир оид ба Тоҷикистонро зери унвони «Тоҷикистон» маротибаи дуюм таҳрир, чоп ва пешкаши ҳаводорони олмонизабон намуд. Китоби мазкур дар ҳаҷми 448 саҳифа омода гардида, дар он 282 расми ранга ва 20 харитаи ҷуғрофӣ ҷой дода шудааст. Ба фарқ аз шумораи якуми он, ки соли 2010 чоп шуда буд, оид ба шаҳри Душанбе, кӯҳҳои Помир ва кӯҳҳои Фон маълумоти бештар гирд оварда шудааст. Дар изҳороти матбуотии нашриёт, ки шоми 8 январ нашр шуд, аз ҷумла чунин гуфта шудааст: «Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланди худ дар доираҳои сайёҳии Аврупо ҳамчун ґШвейтсарияи Осиёи Марказӣґ ҳисобида мешавад.
Роҳнамо дар таҳрири нав ба сайёҳон дар омода намудани сафар ба Тоҷикистон маслиҳатҳои хуб пешниҳод мекунад. Дар китоб дар бораи имкониятҳои шабгузаронӣ, хатсайрҳои мавҷуда, имконоти сафар аз як минтақа ба минтақаи дигар ва ҷойҳои дидании кишвар пешниҳоду маслиҳатҳои муфид гирд оварда шудаанд. Китоб ҳамчунин барои нафароне низ тавсия мегардад, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон сафари фарҳангӣ анҷом диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






