Мусодираи беш аз 31 кило маводи нашъадор аз сокини Фархор

Февраль 9, 2016 11:00

Душанбе, 09.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-8 феврали соли равон дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 39-солаи ноҳияи Фархор бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид.
Ҳангоми азназаргузаронии мошини шахсии гумонбаршуда тамғаи “Опел-Астра”, дар дохили борхалтаи полиэтиление 12 килою 970 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 14 килою 200 грамм афюн дарёфт ва мусодира шуд. Ҳангоми азназаргузаронии оғилхонаи сохтмонаш нотамоми дастгиршуда, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин 4 килою 460 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира гардид. Ҷамъи маводи нашъадори дарёфтшуда 31 килою 630 граммро ташкил медиҳад.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Февраль 9, 2016 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд