Нархи сабзӣ раиси бозорро бевазифа намуд
Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҳосили сабзии тирамоҳӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон шудааст ва ин боис гардида, ки тоҷирону миёнаравҳо 3-4 килограми онро аз сари замин бо арзиши як сомонӣ яклухт мехаранд, вале дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи фуруши як килограми он 1 сомонӣ аст.
Ин ҳолат тайи рӯзҳои охир мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Дар натиҷа бо қарори раиси шаҳри Душанбе раиси бозори Саховати пойтахт аз вазифа озод гардида, роҳбарони дигар бозорҳо ҷиддӣ огоҳӣ гирифтанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки вазъи нархгузорӣ ба маводи ниёзи доимии мардум, ба хусус хӯрокворӣ ва ҳамчунин масоили вобаста ба таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолии кишвар таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 8 феврал баргузор гардид, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба таъмини фаровонию арзонии маводи ғизоӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба зиндагии рӯзмарраи мардум тамоми имкону захираҳо бояд фаровон истифода шаванд.








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






