Натиҷаҳои мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ
Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳавасманд барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, дар он 238 варзишгар аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Баъди рақобатҳои зиёд, бо доварони сатҳи байналмилалӣ ғолибони мусобиқа аз рӯи панҷ дараҷаи вазн муайян гардиданд.
Дар вазни 65 кило Ҷамшед Халилов аз Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, дар вазни 70 кило Хоҷазода Беҳрӯз аз ноҳияи Ховалинг, дар вазни 75 кило Ҷаҳонгир Маҷидов, дастпарвари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», дар вазни 80 кило Ҷамшед Қурбонов хизматчии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва дар вазни беш аз 80 кило ғолиб гардиданд.
Ғолиби мусобиқа дар вазни беш аз 80 кило намояндаи дигари Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Муҳаммад Абдураҳмонов гардид.
Маросими туҳфасупорӣ ва туҳфаи асосии мусобиқа, яъне Шоҳҷоиза -мошини сабукрав, аз рӯи ҷамъбасти мусобиқаҳои умумӣ барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар моҳи марти соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






