Ниқоби сиёсӣ
(ҷавоб ба тарғиботи интернетии зидди давлат, ҳукумат ва шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби хоинони Ватан).
Душанбе, 29.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Чеҳраҳои таърих, дин ва адабиёту фарҳанги башарият дар тули мавҷудияти ҳаёт ҳамеша ба инсонҳо тарғиб намудаанд, ки беҳтарин ганҷина ва дурдонаи ҷавҳари одамият посу гиромӣ доштан ва хизмати содиқона намудан ба Модар ва Ватан аст. Ин кор шоистатарин амали инсонӣ маҳсуб мешавад. Инсонҳо ба тарзҳои гуногун ба Модар ва Ватани худ хизмат намуда, қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд. Аммо тавре ки медонем, дар ҳама давру замон тоифаи мардумон, ки ба ҷои роҳи рост роҳи каҷ, ба ҷои сухани дурусту саҳеҳ сухани бофтаю дурўғ, ба ҷои амали шоистаю нек амали зишту фасод ва ба ҷои хизмати арзандаю бениёз намудан ба Модар ва Ватан «хизмати» дурўғини пардапӯш дар симои миллатдўстӣ, масъулияти ватандорӣ, инсондўстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва фарҳангсолорӣ менамоянд, буданд ва ҳастанд. Ин тоифа дар фаъолияти худ манфиатҳо ва ҳадафҳои стратегии дигар давлат, шахсият ва созмону ташкилотро инъикосу амалӣ менамоянд ва зери пуштибонии онҳо қарор доранд. Самт ва усули асосии фаъолияти ин гурўҳ иғвоангезӣ, ҷудоиандозӣ, тарғиби андешаҳои зиддидавлатӣ, воҳиманок нишон додани камбудиҳои ҷомеа ва суиистифода аз тамоми муқаддасот бар ивази амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ ва ба ин васила талош барои забти ҳокимият мебошад. Ин тоифа дар роҳи бунёдкориву созандагӣ танҳо бо забон амал намуда, аз дин, оин , имон, виҷдон, номус ва номи муқаддаси миллату давлат суиистифода менамоянд ва худро «дилсӯзи» башарият вонамуд сохта, гўё ҳамеша ғамхору мададгори аҳли ҷомеа мебошанд. Аммо дар асл ботин ва зоҳири онҳо бо ниқоби сиёсӣ пӯшонида шудааст ва дар зери он бозиҳои сиёсие нуҳуфтаанд, ки аз онҳо бўи хуни мардуми бегуноҳ, ятимшавии ҳазорон тифлон, ашки чашм ва андӯҳи гарони ҳазорон модарон ва оташи ҷанг дар замини муқаддаси Ватан ҷойгир аст.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар фазои Ватани соҳибистиқлоли мо низ чунин як гурўҳ аз фаъолияти пардапўши худ ба фаъолияти озоду ошкоро гузашт. Ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи манфиатхоҳӣ ва қудратталабии ин тоифа мардуми шарифи Тоҷикистон ба бадбахтӣ ва ваҳшонияти ғайриинсонӣ гирифтор гардид. Хушбахтона, бори каҷ ба манзил намерасад. Дар бахт ва ҳастии миллати фарҳангсолори тоҷбарсари мо Худованд дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ғамхору мададгор аст. Ин дафъа низ Худованд бар сари мардуми шарифи Тоҷикистон Сарвари муаззам ва ҳифзкунандаи имону дин, фарҳангу адабиёт, раъиятпарвару мардумӣ ва сулҳпарвару ваҳдатсолор Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарӣ дод. Эмомалӣ Раҳмон ин тоифаро, новобаста аз ҳамаи амалҳои зишти ғайриинсонияшон авф намуд ва бо умедҳои зиёд чун фарзандони як модар дар бари худ дар мансабҳои гуногуни давлатӣ ҷой дод. Волоияти қонунро таъмин намуда, ба ҳуқуқу озодиҳо, махсусан ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон арҷгузорӣ намуд. Имкон дода шуд, ки ҳамаи гурўҳҳои сиёсӣ фаъолияти худро дар чорчӯбаи қонун ба роҳ монда, фаъолияти сиёсӣ баранд. Ба эътиқоди динии мардум низ арҷгузорӣ карда шуда, имконияти фарох фароҳам оварда шуд, ки тамоми фароизи динӣ иҷро гардад. Соли бузургдошти пешвои мазҳаби Ҳанафӣ Имоми Аъзам Абўҳанифа таҷлил карда шуд. Қуръони Карим бо забони тоҷикӣ ва хатти кириллӣ баргардонида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор маротиба бо аъзои ҳукумат ва аҳли оилаи худ хонаи Худоро зиёрат намуда, дуои хайр дар ҳаққи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ободию осудагии кишвар намуд. Шумораи масҷидҳо дар кишвар аз шумораи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёд гардид.
Аммо тавре ки мегўянд «оқибат гургзода гург шавад, гарчӣ бо одамӣ бузург шавад». Тоифае, ки дар боло зикраш кардем, фаъолияти худро бо таъсис додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба роҳ монда, гўё пуштибониз дину мазҳаб ва имони мардуми мусулмон буданд. Ин тоифа аз муқаддасоти динӣ, имони мардум ва номи Худованду китоби муқаддаси Ў Қуръон суиистифода намуда, мехостанд соҳиби қудрат гардида, ҳадафҳои хоҷагони худро амалӣ намоянд. Онҳо худро «ғамхори» мардум ва «ҳимоятгари» ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нишон медоданд. Дар фаъолияти сиёсии худ онҳо иғвоангезиро пеш гирифта, мардумро гумроҳ менамуданд. Баъди мағлубиятҳо дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аъзои ин ҳизби террористӣ, махсусан роҳбарияти он роҳи муборизаи сиёсии берун аз чорчубаи қонунро шадиду зиёда гардониданд. Дар расонаҳои хабарии манфиатҷў андешаҳои носолими иғвоангезонаю фасоди худро паҳн намуда, мехостанд мардумро ба шӯр биёранд. Ин ҳама иғвоангезию гумроҳсозии мардум кам буд, ки моҳи сентябри соли 2015 табаддулоти давлатиро пеш гирифтанд. Ин хиёнат ба Ватан ва мардуми шарифи кишвар низ онҳоро ором нагузошт. Имрўзҳо ба воситаи расонаҳои хабарии хориҷӣ, шабакаи интернет, созмонҳои гуногун, шахсиятҳо ва давлатҳои алоҳида бар зидди давлат, ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон туҳматҳои беасосу хиёнаткорона мезананд ва сокинони кишварро боз ба ҷанги шаҳрвандӣ даъват менамоянд.
Набояд фаромўш кард, ки ягон шахс, давлат ва созмони бегона бе манфиати худ ин ё он давлат ва ҳизбро дастгирӣ намекунад. Вақте, ки шахсиятҳо, созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ аз ҲНИТ пуштибонӣ мекунанд, бояд мардуми шарифи Тоҷикистон дар хотир гиранд, ки ҲНИТ-и ифротгарою террористӣ ҳизби сиёсии давлат, созмон ва шахсони хориҷӣ мебошад, ки бо ба сари қудрат омадан Тоҷикистонро бозичаи дасти онҳо мегардонид.
Агар аъзои созмони террористии ҲНИТ ватандўст мебуданд, онҳоро сокинони Ватан дастгирию пуштибонӣ мекарданд, на хоҷагони хориҷияшон.
Агар маблағгузору хоҷагони ин ҳизб хориҷиён намебуданд, онҳоро имрўз пуштибонӣ намекарданд.
Агар созмонҳои хориҷӣ ва давлатҳои алоҳида роҳбар ва маблағгузори ин ҳизб намебуданд, пас сарчашмаи даромади ҳизб аз куҷо буд?
Агар аъзои ҲНИТ сулҳхоҳу ваҳдатсолор мебуданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ рўй намедод.
Агар аъзои ҲНИТ имони комил медоштанд ва бузургии Худову китоби муқаддаси Ў Қуръонро эҳтиром мекарданд, пас барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан ва қонеъ гардонидани нафси худ аз номи Худо ва Қуръону Пайғомбар суиистифода намекарданд.
Борҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, хоса донишмандон ва олимони соҳаи дини кишвар хоҳиш карданд, ки аз номи ин ҳизби сиёсӣ калимаи муқаддаси «Ислом» гирифта шавад, аммо роҳбарияти ин ҳизб сухани мардумро қадр накарда, андешаю фикри шаҳрвандонро ба назар нагирифтаанд.
Нишонаҳои асосии ҳизби террористӣ ва экстремистӣ будани ҲНИТ:
- Маблағгузор ва пуштибони тамоми ҳизбҳо ва созмонҳои террористию экстремистии дунё давлатҳо, созмонҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, на мардуми кишвар. Мисол гурўҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ал – қоида», «ҲНИТ» ва ғайраҳо;
- Ҳамаи ҳизбҳо ва созмонҳои террористӣ ва экстремистие, ки дар боло зикр кардем, аз номи муқаддаси Ислом суиистифода мекунанд, аз ҷумла ҲНИТ;
- Ҳамаи ин ҳизбҳо иғвоангезӣ, гумроҳсозӣ ва даҳшатафканию ваҳшониятро пеш мегиранд на муттаҳид шудан бо ҳукумат ва мардуми кишварро, аз ҷумла ҲНИТ;
- Онҳо ҳамеша бо расонаҳои хориҷии созмонҳои махсус ва давлатҳои алоҳида ҳамкорӣ менамоянд, на бо расонаҳои хабарии миллӣ;
- Онҳо дар худ ҳадафҳо ва манфиатҳои стратегии дигар давлатҳо ва созмону шахсиятҳои хориҷиро дар бар гирифта, амалӣ менамоянд, аз ҷумла ҲНИТ. Нишонаҳои дигар низ мавҷуданд.
Қувватов Сайдулло – аспиранти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.