Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: Вохӯрии вакили Парлумон бо мардум
Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Сафаралӣ Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми солонаи Сарвари давлат ва раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати деҳоти ноҳия бо мардум вохӯрданд. Сафаралӣ Раҷабов зикр намуд, ки Паёми солонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоест ба сӯи созандагию бунёдкорӣ, зиндагии шоиставу ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Аъзои гурӯҳи корӣ ҳамчунин мардуми ноҳияро ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, зикр намуданд, ки тағйирот ба Конститутсия, пеш аз ҳама, ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат намуда, барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






