Оғози мусобиқаи шиноварӣ: «Варзиш — солимии ҷомеа»
Душанбе, 05.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 5-уми феврал бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади такмили тарбияи ҷисмонӣ ва ташвиқу тарғиби рушди варзиш дар ҷумҳурӣ дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи шиноварӣ байни бонувон бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш- солимии ҷомеа» оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳии мусобиқаи шиноварӣ вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо ва намояндагони дигар сохторҳои қудратӣ ва вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Мусобиқаи мазкур чанд рӯз идома меёбад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






