Огоҳ намудани насли наврас аз хатару таҳдидҳои замони муосир
Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»). Дирӯз як зумра ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, бо мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №16, 20, 23, 41, 79 ва 36-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вохӯрӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ кормандони милитсия ва аъзои фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг»: Марҷона Тошова, Муҳсин Муродзода, Гулизор Пирова ва Рамзёр Раҳмонов доир ба масъалаҳои мубрами рӯз гуфтанд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карда, дар ободонию осоиштагии кишвари азизамон саҳми арзанда гузорад.
Мактаббачагон бояд ба омӯхтани илму ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва технологияи замони муосир машғул шуда, аз ҳар гуна кирдору амали ношоиста дурӣ ҷӯянд, то дар оянда ҳамчун шахси донишманду бофарҳанг ба воя расида, Ватани худро ободу зебо гардонанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою тундгаро мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокдорони вохӯрӣ андешаҳои худро доир ба ин мавзӯъ иброз намуданд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






