Омӯзиши ройгон барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия
Душанбе, 02.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Зоҳир Мирзозода бо муовини ректор оид ба таҳсилоти иловагии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия Анжела Должикова гуфтушунид кард.
Бино ба маълумоти намояндагӣ, ҷонибҳо роҳҳои имконпазири ташкили низоми омӯзишии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хоҳиши супоридани имтиҳони умумӣ, омода намудани мутахассисон ва созмон додани марказҳо оид ба имтиҳонҳои умумиро дар Тоҷикистон доранд, баррасӣ карданд.
Мувофиқи қонунгузории федералӣ аз соли 2015 шаҳодатнома барои донистани забони русӣ, асосҳои қонун ва таърихи Русия ҳуҷҷати ҳатмӣ барои гирифтани дафтарчаи меҳнатӣ маҳсуб мешавад.
Мутаассифона, ҳолатҳое мешаванд, ки миёнаравони беинсоф бо роҳи фиреб ба муҳоҷирони зудбовар шаҳодатномаҳои қалбакӣ медиҳанд, ки дар натиҷа ин шаҳрвандон дафтарчаи меҳнатӣ гирифта наметавонанд.
Бо мақсади муайян ва пешгирӣ намудани чунин ҳаводис А. Должикова омодагиашро барои дастрас намудани маълумот нисбат ба шаҳодатномаҳои аслӣ иброз дошт. Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ ва мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар марказҳои омӯзишии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба таври ройгон ба тавофуқ расиданд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






