Омодагӣ ба Бозиҳои V соҳилии Осиё дар Ветнам
Душанбе, 20.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи 18 феврал дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласа барпо гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба Бозиҳои V соҳилии Осиё дар Ветнам баррасӣ шуд.
Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев доир шуд, кормандони масъули КМО ва намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ ширкат доштанд.
Тавре ба Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт дар Бозиҳои V соҳилии Осиё, ки аз 24 сентябр то 3 октябри соли 2016 дар шаҳри Да Нанги Ветнам баргузор мешаванд, варзишгарони 45 кишвар оид ба 14 намуд рақобат мекунанд. Вай гуфт, ки дар ин бозиҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи 12 намуд — баскетбол, гуштии соҳилӣ, гуштии кураш, варзиши сабук, шиноварӣ, самбо, футбол, волейбол, ҳандбол, ҷиу ҷитсу, муайтай ва бадансозӣ ширкат хоҳад кард.
Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллоев намояндагони федератсияҳоро бо Низомнома ва Барномаи Бозиҳои V соҳилии Осиё ошно намуда, дар бораи ҷараёни омодагӣ ба ин бозиҳо иттилоъ дод.
Федератсияҳои миллии варзишӣ вазифадор шуданд, ки барои иҷрои нақшаи омодагӣ ва ширкат дар ин бозиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки соли 2014 дар шаҳри Фукети Тайланд баргузор шуда буданд, 1 медали тилло (Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, гуштии кураш) ва 2 медали биринҷӣ (Саидҷалол Саидов, кураш ва Ҷомӣ Латифов, муайтай) ба даст оварданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






