Ошкор намудани якчанд қаллобӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 05.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино сокини 44-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2014 дар кӯчаи Гипрозем, назди бозори «Деҳқон»-и шаҳри Душанбе сокини 33-солаи шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ 1 мошини тамғаи «БМВ Х-6», ки арзишаш 40 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, харидорӣ намуда, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ин марди 33-сола бо ҳамин роҳ моҳи январи соли 2015 аз марди 48-солаи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Гипрозем 10000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, гумонбаршудаи мазкур моҳи марти соли 2014 аз марди 44-солаи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Гипрозем 1 мошини тамғаи «Рендж-Ровер»-ро, ки арзишаш 58 ҳазору 630 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 51-солаи ноҳияи Шаҳринав дастгир шуд, ки номбурда моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба бовари сокини 57-солаи ноҳияи Ҳисор даромада, аз ӯ 32 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






