Озмуни мақолаи беҳтарин ва иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”
Душанбе, 13.02.2016. (АМИТ «Ховар»). – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва омӯзиши ҳаёту фаъолият, корнамоиву қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтаринро байни донишҷӯён, олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ва иншои беҳтаринро дар байни муҳассилини мактабҳои миёнаи умумӣ дар мавзӯи «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» эълон менамояд. Ғолибонро туҳфаҳои омоданамудаи кумита интизоранд.
Муҳлати қабули мақола ва иншои беҳтарин то 20 апрели соли равон муқаррар шудааст.
Суроға барои ирсоли мақола ва иншои беҳтарин: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ш. Душанбе, кӯчаи Варзишгарон 6.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






