Озмуни «Ҳомиёни Ватан» бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ
Душанбе, 20.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ озмуни «Ҳомиёни Ватан» доир гардид.
Донишҷӯён аз рӯи панҷ шарт — саломнома, маҳорати тӯбронӣ дар навъи варзишии баскетбол, сангбардорӣ, муаррифии касби интихобкарда ва саволу ҷавоб байни ҳам рақобат намуданд.
Донишҷӯёни факултети сохтмон бо ба даст овардани холи аз ҳама бештар сазовори ҷойи якум гардиданд. Зинаҳои баъдиро донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика ва муҳандисӣ- технологӣ ба даст оварданд.
Дар анҷом ба ғолибон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






