Пан Ги Мун: «Масъулияти бӯҳрони Сурияро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зимма дорад»
Душанбе, 05.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дабири кулли СММ Пан Ги Мун масъулияти бӯҳрони Сурияро, ки 5 сол боз идома дорад, ба зиммаи ҷомеаи ҷаҳонӣ вогузошт.
«Ба наздикӣ аз оғози бӯҳрони Сурия соли шашум сар мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пуррагӣ масъулияти ба танзим надаровардани онро ба зимма дорад», — гуфт Дабири кулли СММ.
Ба гуфтаи ӯ, музокироти Сурия дар робита ба тақвият ёфтани ҳамлаҳои ҳавоии ногаҳонӣ ба ин кишвар, ки нигаронкунандаанд, қатъ гардид.
Дар ин бора Пан Ги Мун зимни суханрониаш дар конфронси кишварҳои мададрасони Сурия дар Лондон иброз дошт.
«Боиси нигаронӣ аст, ки қадамҳои нахустини музокирот дар робита ба набудани дастрасии кумаки башардӯстона ва тақвият ёфтани ҳамлаҳои ҳавоӣ ва фаъолияти ҳарбӣ дар Сурия қатъ гардиданд», — гуфт ӯ.








ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






