Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ медонем!
Душанбе, 13.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки танзими давлатии муносибатҳои меҳнати шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад.
Амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ва шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки 30% онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Дар баробари ин, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм барои тақвия бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бояд раванди таълими касбиро ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд.
Дар Паёми имсола Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷои кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, барои таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзи муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар баробари ин бояд барои васеъ ба роҳ мондани корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, дигар навъҳои бофанданию дӯзандагӣ ва умуман рушди косибиву ҳунармандӣ чораҳои муассир андешида шаванд.
Дар масъалаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ӯ афзуд, ки вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бахусус марказҳои таълими калонсолонро таҳким бахшанд ва барои омода кардани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Барои иҷрои супориши Роҳбари давлат соли 2015 дар ҳамаи муассисаҳои тарбияи кадрҳои коргарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, беш аз 200 ҳазор нафар касбу ҳунарҳои нав омӯхтанд ва барои фаъолият дар бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ омода шуданд. Ин раванд бояд дар оянда идома ёфта, сатҳу сифати касбу ҳунаромӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.
Вақти он расидааст, ки роҳбарону масъулини соҳа бо истифода аз имкониятҳои коллеҷу литсейҳои касбиву техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ марказҳои таълими калонсолон, инчунин курсҳои омӯзиши касбу ҳунарро ҳарчи бештар ташкил намоянд.
Амиралӣ Шарипов
мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва банақшагирии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ








ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






