Пешгирии ду ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор
Душанбе, 20.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 19 феврал дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Варзобро, ки пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 39-солаи сокини ноҳияи Восеъро бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 1 килою 228 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз, зимни як чорабинии фаврии дигар дар ҳудуди вилояти Суғд марди 39-солаи сокини ноҳияи Ишкошим бо ҷурми чунин ҷиноят дастгир гардид. Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии муваққатии гумонбаршуда, воқеъ дар шаҳри Чкалов 2 килою 355 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирагардида 3 килою 583 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






