Пешвои миллат: “Камборишии зимистони имсола ва барвақт омадани ҳавои баҳорӣ аз эҳтимолияти хушксолию камҳосилӣ дарак медиҳад”

Февраль 29, 2016 16:37

Душанбе, 29.02.2016. (АМИТ “Ховар”). — “Камборишии зимистону аввали баҳори имсола ва ҳамчунин фарорасии барвақти ҳавои баҳорӣ аз эҳтимолияти хушксолию камобии дарёҳо ва ҳамчунин аз хатари камҳосилӣ дарак медиҳад”, — ҳушдор дод Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар робита ба ин ҳолат, маслиҳат дода шуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо аз ҳозир фаровон об дода шавад ва дар ҳар куҷое имкон ҳаст об захира карда шавад.

Таъкид карда шуд, ки киштукори баҳорӣ ва ҳамаи корҳои кишоварзӣ вобаста ба барвақт омадани гармӣ ба роҳ монда шавад ва  маблағҳои мавҷуда ва тамоми воситаҳои моддию техникиро сарфаю сариштакорона истифода баранд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки чорабиниҳои давлатӣ ва анъанаю маросими серхароҷоти мардумӣ ҳам бояд бо хароҷоти камтарин ба роҳ монда шаванд ва мардум барои худ маводи ғизоӣ захира намоянд.

 

 

 

 

Февраль 29, 2016 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон