Раҳнамоии насли наврас ба соҳибмаърифатию донишмандӣ
Душанбе, 04.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз намояндагони гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти умумии №9-и шаҳраки Навободи ноҳияи мазкур вохӯрданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагон фаҳмонида шуда, таъкид гардид, ки дар Паёми имсола ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст.
Аз ҷумла, Пешвои миллати тоҷикон зимни ироаи Паём чунин иброз намуд: «Қобили зикр аст, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 — ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад.
Ҳукумат барои таъмини пояҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат тадбирҳои мушаххас меандешад».
Дар вохӯрӣ узви фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» Каримҷон Салимов оид ба масъалаҳои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, ба монанди экстремизму терроризм ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтаанд, сухан ронда, ҷавонону наврасонро ба андӯхтани илму дониш ва ватандӯстию ватанпарастӣ даъват намуд.
Омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти умумии №9-и шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт якдилона аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, изҳор доштанд, ки онро сармашқи кори худ хоҳанд намуд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






