Назарсанҷӣ: Дар ҳолати эҳсоси хатар ба Тоҷикистон чӣ хоҳед кард?

Февраль 11, 2016 09:22

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар») – Имсол аз таъсиси Артиши миллӣ – Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол пур мешавад. 23-юми феврали соли 1993 дар майдони марказии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе гузашти ҳарбии дастаҳои ҷангии собиқ Фронти халқӣ баргузор гардид ва аз ҳамон рӯз нахустин қадамҳои қатъӣ дар ҷодаи таъсис додани Артиши миллӣ гузошта шуд. Таъсиси Артиши миллӣ ба рӯзҳое рост омад, ки дар кишвар оташи ҷанги таҳмилӣ аланга мезад, душманону бадхоҳон дар талоши пора-пора кардани Тоҷикистон буданд, бетартибӣ ва ҷинояткорӣ аз тарафи силоҳбадастон авҷ гирифта буд. Мушкилии асосӣ ин буд, ки ба Тоҷикистон аз артиши пуриқтидори Иттифоқи Шӯравӣ чизе ба мерос намонда буд. Бо вуҷуди ин ҳама маҳрумияту мушкилиҳо, ҷангҳову муқовиматҳои шадиди мусаллаҳона Артиши миллии Тоҷикистон қадам ба қадам, давра ба давра, тадриҷан ва бо иродаву азми қавӣ – аз миёни хуну оташ гузашта, қомат рост кард, муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистонро коршиносони соҳа ҳамчун артиши обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоат ва боэътимод дар минтақаи Осиёи Марказӣ қабул доранд.

Рисолати Артиши миллӣ – Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзӣ дар ҳолати ҷанг муқаррар шудааст.

Хабаргузории «Ховар» бахшида ба солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ миёни хонандагони худ назарсанҷӣ мекунад: Шумо дар ҳолати эҳсоси хатар ба истиқлолияту амнияти Тоҷикистон ба Артиши миллӣ чӣ гуна кумак мерасонед?
1. Ихтиёран ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайвандам
2. Фарзанди худро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мефиристам
3. Барои таъминоти қувваҳои мусаллаҳ дороии худро дареғ намедорам
4. Бигузор артиши миллӣ худ вазифаҳояшро иҷро кунад

Дар назарпурсӣ иштирок намоед (ниг. ба гӯшаи Назарпурсӣ).

Февраль 11, 2016 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон