Рашт: Дастгирии маъюбон дар мадди назар аст

Февраль 22, 2016 08:50

Душанбе, 22.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Рашт баҳри амалӣ гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Нуъмоншо Исматов изҳор намуд, ки дар асоси тартиби таъин, маб¬лағгузорӣ ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, усули муайянсозии оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат осон гардид. Дар назди бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 16 нафар танҳо дар самти иҷрои талаботи он фаъолият доранд.
Зикр шуд, ки андозаи кумаки унвонии иҷтимоӣ барои як оила дар як сол 400 сомониро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 100 сомонӣ пардохт мешавад.
Нафақахӯрон ва маъюбон қишри осебпазири аҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Маблағе, ки аз буҷети ноҳия барои ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо мешавад, асосан барои кумакпулии яквақта ба шахсони дар садамаи Чернобил зарардида, иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадорони меҳнат ва маъюбони модарзод сарф мегардад. Моҳи ноябри соли 2015 аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 70 тонна ангишт кумак расонида шуд. Дар ин росто, 20 маъюб ба табобат фаро гирифта, 18 аробачаи маъюбӣ, 75 асои чӯбин, 30 асобағал ба шахсони ниёзманд дастрас гардид.

Февраль 22, 2016 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд