Садамаи нақлиётии марговар
Душанбе, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-14-уми феврал ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 50-солаи ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Ғафуров-Конибодом», дар ҳудуди деҳаи Зосии ҷамоати деҳоти Исфисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, сокини 35-солаи ҳамин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар хатти истгоҳи Роҳи оҳани Душанбе-Турсунзода, дар гузаргоҳи нақлиётии километри 4654-ум қатораи боркаш, таҳти идораи ронанда, сокини 59-сола ва ёрдамчии ӯ — ҷавони 25-солаи шаҳри Душанбе ба мошини тамғаи «Опел-Астра», ки ба марди 61-солаи ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» ва мусофири мошини мазкур сокини 59-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд. Марди 59-сола пас аз чанд муддат дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






