Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатии Суғд ба ФР
Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия соли равон аз ҷониби ҶДММ “Роҳи Абрешим” оғоз гардид. Моҳи январи соли равон ҶДММ “Роҳи Абрешим” 12 муҳоҷири меҳнатиро ба шаҳри Тюмен сафарбар карда, ба мавсими сафарбаркунӣ оғоз бахшид. Бо гарм шудани ҳаво ин раванд суръати тоза гирифта истодааст.
Аз ҷумла, субъекти хоҷагидори мазкур 2 феврали соли ҷорӣ 2 гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳайати 15 ва 22 нафар, 5 феврали соли равон 1 гурӯҳро дар ҳайати 27 нафар ба шаҳри Тюмен сафарбар намуд.
Мeҳлати сафари ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ 1 сол пешбинӣ шудааст. Онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои мухталифи вилоят мебошанд. Сафарбаркунӣ аз тариқи нақлиёти мошинӣ ба роҳ монда шудааст.
ҶДММ “Сомонэкспрестранс” 34 муҳоҷири меҳнатиро ба Тюмен сафарбар кард. Онҳо зодагони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон буда, ба муддати 1 сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






