Сафари матбуотӣ ба «Сафед-дара»
Душанбе, 8.02.2016. (АМИТ «Ховар»)- Гурӯҳи 25 нафараи журналистони давлатӣ ва мустақили Тоҷикистон бо маҷмааи сайёҳии лижаронии «Сафед-дара», воқеъ дар дараи Такоби ноҳияи Варзоби ҷумҳурӣ шинос шуданд. Намояндагони ВАО аз меҳмонхонаи навсозишудаи замонавии ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, таваққуфгоҳ- анбор барои барфгардӣ ва тарабхона дидан карданд. Ба ғайр аз ин, журналистони тоҷик мактаби махсуси наврасону кӯдакон барои варзишҳои зимистонаро аз назар гузаронида, на танҳо бо роҳбарияти ҶММ «Сафед-дара», маъмурони мактаби лижаронӣ ва меҳмонхонаи сеситорадор имконияти суҳбат карданро доштанд, балки бо ҳайати кормандони маҷмааи хизматӣ, варзишгарони ботаҷриба ва лижаронҳои ҷавон ҳамсуҳбат шуданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки мавзеи сайёҳии лижаронии «Сафед-дара» дар як муддати кӯтоҳ аз ҳисоби сармояи ватанӣ таъмир карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






