Сафари вазири корҳои хориҷӣ Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо

Февраль 15, 2016 09:56

Душанбе, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 15-17 феврали соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов барои иштирок дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки 16 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел баргузор мегардад, ба Шоҳигарии Белгия сафар намуд.
Дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо суханронии вазири корҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо инъикос хоҳад ёфт.
Зимни сафар инчунин як зумра вохӯриҳои дуҷонибаи С.Аслов дар назар гирифта шудааст.

Февраль 15, 2016 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд