Семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирии ММТ
Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017 аз 8-ум то 23-юми феврали соли равон семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгири Маркази миллии тестӣ баргузор мегардад. Барои иштирок дар семинари мазкур ва ҷалб гардидан ба кори муваққатӣ дар давраи бақайдгирӣ 237 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, ки аз ин шумора 224 нафар ба иштирок дар ин семинар роҳ ёфтанд. Хотиррасон менамоем, ки семинар дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ — шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ доир мегардад.
Мақсади чорабинии мазкур омӯзонидан ва интихоб кардани роҳбарон, ёварони роҳбарон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2016 аст.
Бояд зикр кард, ки семинари омӯзишии кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ тибқи барнома ва модули тасдиқгардида баргузор гашта, дар асоси озмуни марказ беҳтаринҳо интихоб ва ба кори муваққатӣ ҷалб мешаванд.
Фаъолияти бақайдгирандагон аз 1-уми марти соли равон шурӯъ мегардад.








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






