Сергей Лавров ва Ҷон Керри ҷанбаҳои оташбаси Сурияро иловатан мувофиқа карданд
Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи шанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керри гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Дар натиҷаи он маълум гардид, ки ҳамоҳангсозии қисми асосии оташбас дар Сурия дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар доираи кори минбаъда ҳамкорӣ миёни Русия ва ИМА дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва мудофиа пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои ВКХ Русия, шоми 21-уми феврал боз ду гуфтугӯи телефонии Сергей Лавров ва Ҷон Керри баргузор шудааст. Зимни машварат ҷанбаҳои оташбас дар Сурия иловатан мувофиқа шудаанд, ки ба президентҳои ҳарду кишвар расонида мешаванд.
Ин гуфтугӯи телефонии С. Лавров ва Ҷ. Керри оид ба масъалаи Сурия дар ин рӯз сеюмин ва дар ду рӯзи охир чорумин ба ҳисоб меравад.
Созмонҳои аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ террористӣ эътирофшуда берун аз доираи оташбас мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






