Шарҳи Паём дар Госпитали марказии ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар Госпитали марказии ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ доир ба нуктаҳои асосии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсӣ бо роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, намояндагону кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таъкид карданд, ки дар Паёми имсола ҳам Пешвои миллат доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд. Яке аз роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ- ин бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҷалб намудани онҳо мебошад. Хушбахтона, дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбута доир ба масъалаи таъсиси «Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм» супориш дод, ки ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди асоснок манзур созанд ва бовар ҳаст, ки таъсис додани ин марказ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд.
Ширкаткунандагон дар партави Паём ба ҳозирин оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 муқаррар гардидааст, пешгирии ҳаракатҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва қонунвайронкуниҳо дар иҷрои СМҲ ва оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон ба гӯруҳҳои террористию экстремистии «Толибон» ва «ДАИШ» иттилоъ доданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






