Шарҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Душанбе, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва масоили вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коргоҳу муассисаҳо бо фарогирии тамоми қишри ҷомеаи шаҳр мулоқоту суҳбатҳо баргузор гардида, ин раванд зери таваҷҷуҳи хоса қарор дорад.
Бо ин мақсад 17 феврали соли равон дар толори мактаби президентии шаҳри Чкалов ва толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Мӯъминова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Келдиёров, мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳимҷон Ҷабборов мулоқот доир гардид.
Рухсора Давлатзода оид ба тадбирҳои андешида дар самти тарғибу ташвиқи моҳияти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, оид ба моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни андеша намуд.
Фарида Мӯъминова — муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баён гардидаанд, ибрози назар намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки соли 2015 барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли фаромӯшнопазир дар самти татбиқи як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ маҳсуб шуда, дар ин сол муҳлати «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2015» ба итмом расида, тарҳи нави «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030» таҳия шуда, ҳоло дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.
Дар канори ин мавсуф оид ба баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, ки дар соли 2015 бо сабабҳои сардии ҳаво дар вилояти Суғд ва офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷануби кишвар ба роҳ монда нашуд, зикр дошт, ки ин омил дар меҳвари сиёсати дурнигаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз 1-уми июли соли равон марҳилаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат ва нафақаву стипендияҳо амалӣ хоҳад шуд.
Ҳамзамон номбурда оид ба саноатикунонии иқтисодиёт, рушди минтақаҳои саноатӣ, дар меҳвари асосии сиёсати дурнигаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтани ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз қабили раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ баёни андеша намуд.
Мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳимҷон Ҷабборов оид ба моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки мувофиқи пешниҳодот зиёда аз 40 тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд ва қарор аст, ки 22 майи соли равон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, ки чунин силсиламулоқот бо ҷалби дигар қишри ҷомеаи шаҳр бо маром ҷараён дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






